К основному контенту

3 мушкили илм дар Тоҷикистон


Саволи беҷавоби президент Раҳмон: “чӣ бояд кард, то насли нав ба илм рӯ биёрад?”, посух дорад


Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати олимони тоҷикро, ки ду рӯз пеш зимни мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷод пеш овард, бояд дуруст фаҳмид. Ҳатто вақте 14 масъалагузорӣ дар робита бо беҳтар кардани вазъу ҷойгоҳи илм намуд ва ишора кард, ки онҳоро маҳз худаш фикр кардааст, на ягон олиму нафаре аз масъулини Академияи илмҳо, набояд ҳамчун худтаърифкунӣ фаҳмида шавад.
“Аз як сар сад сар беҳтар аст” гуфтани президент, бояд маъниеро дошта бошад, ки ӯ ҳамоно аз ин қишр умеди зиёд дорад. Шояд аз маблағгузориҳои бебозгашти буҷетӣ ва таъсирнок набудани онҳо ба натиҷаи кори олимон андаке малол ҳам дошт, ки савол гузошт: чаро вақте дастгирии давлатӣ ба илм кам буд, олимон натиҷаи беҳтар доштанд, аммо ҳоло не?
Хулосааш тахмин ҳамин мантиқро ба вуҷуд меовард, ки “олим, агар сер бошад, аз фикр бозмемонад!”.
Ҳарчанд олими имрӯзаи тоҷикро “аз ҳад сер” гуфтан ҳам имкон надорад.
Ба назари инҷониб илми тоҷик феълан се мушкиле дорад, ки то онҳо ҳалли худро пайдо накунанд, аз илму олимонамон набояд интизориҳои зиёде намоем.

1.      Илм бояд оппозитсия бошад!

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи авомили замонҳои пеш ҷойгоҳи хос доштани олимон гуфт, ки “Ба назари мо, дар он давраҳои тираву тор олим ва илм ба хотири исботи ҳаққонияти худ мубориза мебурд ва барои мавҷудияти илм замина муҳайё мекард”.
Фикри дуруст ҳам ҳаст. Фақат як илова зарур: илм танҳо дар ҷомеаҳое пешрав мешавад, ки нигоҳи оппозитсионӣ дорад!
Мазмун, то муборизаи ҷиддӣ байни андеша, далел, пешбинӣ сурат нагирад ва ҳатто барои чизеро аз байн бурдан талош пеш наояд, ҳеч чизи нав пайдо намешавад. Агар шарҳи ҳоли Синоро хонда бошед, медонед, ки хурофотпарастии замон, ки элитаи ҳукмрон бо сабабҳои хос намехостанд ҷомеа аз он берун шавад, бо чӣ мушкилоте ӯро рӯ ба рӯ карданд, ки ҳатто ҷонаш зери хатар мерафт.  
Воқеан, дар он мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз хурофотпарастии мардум шикояти бисёре дошт...
Аммо бояд ба назар гирифт, ки илм дар кишварҳои тоталитариву диктаторӣ ягон вақт пешрафта набудаву намешавад. Ҳукуматҳои худкома танҳо як саволу ҳадаф доранд: “худ ва “роҳат” (комфорт) -и худро чӣ гуна ҳифз кунем?”.
Ба хотир биёред, ки СССР, ҳарчанд нишон доданӣ мешуд, ки ба илм таваҷҷӯҳи хос дорад, аммо “олимони саркаш” -ро чашми дидан надошт. Аз ҳамин ҷост, ки чандин олимони саршиносро аз хоки ин давлат ба хориҷа бадарға намуд ва онҳо танҳо пас аз бозсозии горбачёвӣ ё барҳам хӯрдани шӯравӣ бозпас ба Русия баргаштанду ҳатто қадрдонӣ гаштанд.
 Гуфтаниам, ки танҳо ҷомеаҳои таҳаммулпазиру интиқодшунав мӯҳтавои аслии илмро дарк мекунанд ва аз он ба манфиати давлат, ҷомеа ва худи шахс истифода менамоянд. Ҳукуматҳое, ки тафаккури давлатӣ ва давлатсозӣ барояшон муҳим аст, на ғаразҳои ҷудогона...
 Бубинед, олами Ғарб тафаккури интиқодиро ҳатто аз кӯдакистону мактабҳои миёна ба мардумаш дарс медиҳанд. Дар донишгоҳҳо бошад, он аз ҷумлаи фанҳои асосист.
Мо ҳам, агар мехоҳем аз илм ва зарфияти олимонамон чизе бигирем, набояд такя ба онҳое кунем, ки “лаббайкгӯву дастпешибаранд” – у дар ҷаласаҳо ба хотири садои бештар ёфтани қарсакҳо иштирок мекунанд.

2.      Вақте иқтисоди донишбунёд надорем


    Эмомалӣ Раҳмон ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо тавсия дод, ки маблағгузории Фонди президентии таҳқиқоти бунёдиро аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба андозаи 3 фоиз аз ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба соҳаи илм таъмин намоянд. Ҳамчунин мақоми Академияи илмҳоро бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иваз намуд.
Оё ин басанда аст?
Оре, пул чизи муҳим мебошад, вале масъала бармегардад ба шеваи бархӯрд ва интизорӣ аз илм.
Апрели соли гузашта дар Амрико будам. Дар мулоқотҳои сатҳи баланд, ки доштем, изҳор шуд, ки ин кишвари абарқудрат аксари брендҳои машҳури худро ба кишварҳои дигар, ба вижа Чин фурӯхтааст. Сабаб пурсидем. Гуфтанд, ки акнун такяи бештар ба зеҳният ва моликияти ақлонӣ хоҳад шуд, ки бо масрафоти камтарин манфиати бештар ҳосил мекунад.
Дар ҳақиқат, онҳое, ки Вашингтонро дидаанд, медонанд, ки пойтахти ИМА аслан шаҳри осорхонаву донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳост!
 Бубинед, имрӯз сатҳи баланди зиндагии мардум на дар кишварҳоест, ки боигарии зиёди табиӣ доранд. Балки дар мамолике мушоҳида мешавад, ки сатҳи баланди пешравии илмию технологӣ доранд. Ба сифати мисол дороии ширкати «Apple»  аз 400 миллиард доллар зиёд аст, дар ҳоле, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 8 миллиард доллар ва буҷаи солона каме бештар аз 2 миллиард долларро дар бар мегирад. Ё «Фейсбук» -ро бигирем, ки арзишаш дар муддати кӯтоҳ аз 100 миллиард доллар боло рафт....
Ё бозии электронии “Тетрис” -ро мисол биорем, ки онро барномасозе бо номи Алексей Пажитнов ихтироъ кард ва ҳамагӣ 15 000 доллар фоида дид. Ширкати "Nintendo", ки ҳаққи фурӯши ин бозиро соҳиб шуд, 4 млн доллар ва ширкати дигаре, ки ҳаққи паҳн намудани ин бозиро ба даст овард, беш аз 1 млрд доллар.
 Ин бори дигар нишон медиҳад, ки инсоният сахт пеш рафтааст. Ҳоло касеро бо чизе ба ҳайрат овардан мушкил менамояд. Таъбири «Амрикои дигар кашф кардан зарурат надорад», аз ҳамин нукта бармеояд.
 Асри 21 садсолаи ҷаҳонишавист дигар ва мехоҳед ё не, он ба Тоҷикистон низ мустақим ё ғайримустақим асар мегузорад. Оре, фаромӯш намекунем, ки дирӯз дар навбати нон будем, аммо акнун дар ҳар хона ба ҳисоби ҳукумат 4 - 5 телефони мобилист. Баъзеамон пули истифодаи барқу газро пардохт намекунем, ё аз ҳисоби ғизои худ сарфа месозем на танҳо акнун барои он ки ба ҳисоби телефонҳои мобилии худ пул гузаронем, балки ҳоло мехоҳем соҳиби Айпаду Айфон бошем. Менеҷерҳои Аррle бошанд ҳар фурсат дар фикри онанд, ки бо чӣ роҳе бозори худро аз касодшавӣ ҳифз кунанд. Зеро, тавре гуфтем, дигар одамонро ба ҳайрат овардан мушкил шудааст. Дар як лаҳза имкон дорад интихоби одамон ба сӯи асбоби нав биравад. Тасаввур кунед, соҳиби маҳсулоти серхаридортарини ҷаҳон аз муфлисшавӣ тарс дорад ва паҳлӯҳои нави эҷодиро дар маҳсулоти худ ҷустуҷӯ дорад. Аммо дар мо...
Ҳанӯз соли 1962 олими машҳури австриягӣ Фритс Махлуп, ки пас аз ба қудрати омадани Гитлер ба Амрико фирор кард, мафҳуми “иқтисоди донишбунёд” -ро гардон намуд, ки таҳти он аслан бахшти иқтисодро дар назар дошт. Ҳоло ин истилоҳ майлони иқтисодиеро дар назар мегирад, ки илму дониш нақши ҳалкунанда дошта, истеҳсолоти илмӣ сарчашмаи рушд аст.
Аз ҳамин хотир, сармоягузорӣ ба илм ҳатто бештар аз фондҳои асосист.

3.      Ба Академияи илмҳо бояд ҳамчун як ширкати бузург бархӯрд намуд!


Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки илму дониш акнун дастоварди ҷомеа аст. “Ҷомеа” дар ин фаҳмиш маънои маҳдудаи ҳатто як давлатро надорад, фаротар аз он аст.
Аввали моҳи март, вақте бӯҳрони коронавирус пеш омад, президенти Амрикоро ба як ҳолати ногувор рӯ ба сохт. Гап сари ҳолатест, ки ӯ доруи зидди коронавирусро аз як фирмаи олмонӣ хариданӣ шуд, вале шарт монд, ки ин доруро танҳо барои аҳолии Амрико фурӯшаду дигаронро аз ин ҳақ маҳрум намояд. Баҳсҳои зиёди ҳуқуқиву мантиқӣ ва ахлоқӣ пеш омаданд. Ҳатто баҳсе рӯ зад, ки агар Амрико ин доруро хариданист, Олмон маҷбур мешавад фирмаи тавлидгари онро миллӣ намояд. Ахиран намояндаи ин ширкат гуфт, ки доруи мазкур, агар онҳо онро ҳосил кунанд, барои ниёзмандии тамоми дунё корбурд хоҳад шуд.
Ин чунин маъно дорад, ки дар ҷомеаи фаъол илм акнун мошини ҳалли мушкилот аст. Албатта мушкилот метавонад гуногун бошад, аз ин рӯ, ташкили кори илм ҳам бояд дурбинона ва аз ҳама муҳимаш иқтисодиву молиявӣ бошад. Маҳз менеҷерҳои инноватсионӣ метавонанд чунин шеваи корро ташкил намоянд. Зимнан, агар як даҳсола пеш барномасозон ихтисоси дараҷаи аввал ҳисоб меёфтанд, ҳоло ҷои онҳоро футурологҳо – онҳое гирифтаанд, ки оянданигарӣ карда метавонанд ва барои 5 – 10 соли дигар пешгӯӣ мекунанд.
Ширкатҳои бузурги амрикоӣ, аз ҷумла "Ҷенерал моторс" аз рӯи ҳамин талабот кори худро ба роҳ монда, даҳҳо миллиард долларро барои таҳқиқот ва таҳия сарф менамоянд.
Дар Тоҷикистон ва кишварҳое мисли он, мутаассифона чунин фаҳмиш ҷо надорад. Агар ҷойгоҳи махсуси илмро мехоҳем, ширкатҳои бузурги давлативу шахсие мисли “Талко” ва “Фароз” бояд дар маблағгузории илм аз ин ҷиҳат саҳмгузор бошанд ва робитаи байни илму истеҳсолотро таъмин намоянд. Дар натиҷа Академияи илмҳо, ки акнун ба он мақоми миллӣ додаанд ва фикр мекунанд ба ин васила ҷойгоҳи илм тағйир хоҳад ёфт, ба як ширкати бузург табдил меёбад, ки дар атрофаш даҳҳо коргоҳҳои инноватсионӣ дораду дар онҳо одамони сарватманд кор мекунанд.
Маҳз бо ин васила, саволи асосӣ ва чандбораи Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқоташ бо олимон аз онҳо пурсид, “чӣ кор кунем, ки насли нав ба илм, махсусан илмҳои дақиқ рӯ биёрад” ва ҷавоби қонеъкунанда нагирифт, посухи қотеонаи худро пайдо хоҳад кард. Насли ҷавон мебинанд, ки бе ақл пул кор кардан имкон надорад, ҳатман ба илм, хоса илми дақиқ рӯ хоҳанд овард!
Ё шумо фикри дигаре доред?





Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

“Зиндагӣ арсаи муборизаҳост”
Мусоҳибаи  ихтисосии журналист Раҷаб Мирзо бо муовини Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Хайринисо Юсуфӣ

“Тамаддун чист? Натиҷаи нуфузи занони иродатманд!”
-Хонум Юсуфӣ, сӯҳбат бо Шумо силсилаи мусоҳибаҳои ихтисосии моро бо роҳбарони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон хотима мебахшад. Хеле рамзист, ки ин сӯҳбат бо аввалин бонуи сиёсатмадор аз ҳисоби ҳизбҳои сиёсист. Воқеан, ҳарчанд аксари аҳолии мамлакатро занҳо ташкил медиҳанд, мо ягон нерӯи сиёсие надорем, ки раҳбариашро як бону ба зимма дошта бошад. Фикр мекунед чунин зарурат вуҷуд надорад?
-Чун ба таърихи таъсис ва фаъолияти азҳоби сиёсӣ дар дунё нигоҳи фарохтар намоем, огаҳӣ хоҳем дарёфт; дар саргаҳе корномаи ҳизбҳо ғолибан мардҳо қарор доштаанд. Вале ин ҳаргиз маънои ба тангно кашидани нақши занонро дар ин самт надорад. Таърих гувоҳ аст, ки як зумра бонувони ҷасоратманду соҳибиродат дар идомаи фаъолияти азҳоби сиёсӣ нақши муассир гузоштаву бо тадбиркориву хиради созандаи худ ҳамагонро ба ҳайрат оварда…
“7 СОНИЯ”Шахспарастӣ дар Тоҷикистон аз куҷо сарчашма гирифт ва то кай идома меёбад?
Вақте Сталин вафот кард...
-Рафиқон! Шахсиятпарастӣ сабаби ақибмондагии ошкор аз демократияи ҳизбӣ, мудирияти бесамар, рӯпӯшкунии камбудҳо ва чаппа нишон додани воқеиятҳо буд. Баъзе аз рафиқон, мумкин аст, аз мо бипурсанд: аъзои Бюрои сиёсӣ куҷо буданд? Чаро онҳо худ ба мавқеъ ба зидди шахспарастии фардӣ наистоданд? Ва чаро ҳозир ин кор анҷом мешавад? Аввал аз ҳама, аъзои Бюрои сиёсӣ дар замонҳои гуногун нигоҳҳои мухталифе нисбат ба ин масъалаҳо доштанд. Дар ибтидо, бисёре фаъолон аз Сталин пуштибонӣ мекарданд, чаро ки яке аз қавитарин марксистҳо буд ва мантиқи ӯ, қудрати ӯ ва иродаи ӯ, таъсири бузурге ба кори ҳизб дошт. Пас аз марги Ленин ва ба хусус дар солҳои аввал, Сталин фаъолона барои ленинизм ба зидди душманони назарияи ленинӣ ва касоне, ки аз ин роҳ бармегаштанд, меҷангид. Дар он замон ҳизб бояд бо касоне, ки саъй мекарданд кишварро аз роҳи дурусти Ленин хориҷ кунанд, мубориза мекард…
“ВИРУСИ” -и БЕПАРВОӢ Тоҷикистон дар ҳақиқат бо бӯҳрони  COVID-19 мушкил надорад?

Ҳамон тавре интизор мерафт, пас аз бозгашти худ аз вилояти Суғд Президент Раҳмон ҷаласаи ҳукуматро баргузор намуд. Дар ин маҷлис, тибқи ахбори паҳнкардаи бахши матбуотии президент, барномаи рушди қолинбофӣ, тағйиру иловаҳо ба қонуни буҷети мамлакат ва ҳатто омодагӣ ба зимистони соли оянда баррасӣ шудааст. Аммо тахминҳо дар ин бора, ки вазъи бӯҳронии ҷаҳон ва омодагиҳои Тоҷикистон барои хатарҳои эҳтимолии коронавирус мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор мегирад, исботи худро наёфт. Ба ҳар сурат, дар хабарҳои нашршуда танҳо суханҳои умумие зикр шудаанд, ки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар бораи пешгирии бемориҳои сироятӣ ҳисобот додааст ва Эмомалӣ Раҳмон дастур дода, ки тавассути расонаҳои хабарӣ “корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро баҳри таъмини ҳаёти солим, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсӣ пурзур намоянд”. Он чи ки дар ТВ ва радиои ҳукуматӣ ҳамарӯза анҷом медиҳанд ва ягона ҳолате, ки мухотабони онҳор…